20:16 17 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
299 0 0

Давоми панҷ рӯзи охир бештар аз 500 сокини шаҳри Хуҷанд ба далели хуруҷи беморӣ ба табибони идораи ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат кардаанд

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Мирзорауф Ҳошимов, сартабиби Идораи ёрии таъҷилии тиббӣ Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон омори муроҷиати сокинонро шарҳ дода гуфт, рӯзҳои ахир хуруҷи бемориҳои фишорбаландӣ, хасташавии асаб ва маризии шадиди роҳи нафас бештар шудааст.

"Мавридҳои баланд шудани таб хушбахтона дар муқоиса ба аввалҳои фасли зимистон хеле кам шудааст. Бинобар сард шудани ҳарорати ҳаво хуруҷи бемориҳои мавсимӣ, аз ҷумла фишорбаландӣ ва бемориҳои роҳи нафас зиёдтар шудааст” - гуфт сартабиб.

Ба гуфтаи Ҳошимов, давоми панҷ шабонарӯзи гузашта, дар умум 550 нафар бинобар харобшавии вазъи саломатӣ, аз идораи ёрии таъҷилии тиббӣ дархост намудаанд, ки ба онҳо кумаки тиббӣ расонида шавад.

Аз омори муроҷиати сокинон бармеояд, ки ҳоло ҳар як шабонарӯз кам ё беш аз 110 нафар барои расонидани кӯмаки тиббӣ ба табибони идораи 03 муроҷиат мекунанд.

Сартабиби стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ мегуяд, ин рақам дар муқоиса ба ба фасли тобистону тирамоҳи соли гузашта, ба таври қобили мулоҳиза камтар аст.

Тобистону тирамоҳ мавсими авҷгирии бемории "вируси корона" гуфта мешуд ва бахши аъзами муроҷиати сокинон аз баландшавии таб  бештар ба  ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат мекарданд.

Вазорат: ягон ҳолати COVID-19 сабт нашуд, касе нафавтид

Мирзорауф Ҳошимов таъкид намуд, ки ҳоло сабти ҳолатҳои табъдорӣ ва ё сирояти бемориҳои ҳамшабеҳи  "илтиҳоби шуш" ками кам, ҳатто ба сифр баробар шудааст.

Барчаспҳо:
ёрии таъҷилӣ, ёрии таъҷилӣ, Панҷ, Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ