04:40 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1227 0 0

Шурӯъ аз нисфирӯзии дирӯз истифода аз шабакаи ҷаҳонии Facebook дар Тоҷикистон дастнорас шудааст. Ду - се рӯз қабл ворид шудан ба Instagram ғайриимкон шуда буд

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Сокинон, корбарони шабакаи Интернет дар Тоҷикистон мегӯянд, чаҳор рӯз ба ин тараф дастрасӣ ба Instagram ва Facebook аз пуристифодатарин шабакаҳои иҷтимоӣ ҷаҳонӣ номумкин шудааст.

Мурод Каримов сокини шаҳри Душанбе дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, се рӯз боз ба Instagram ва шабакаи Facebook ворид шуда наметавонад.

“На аз тариқи интернети ширкати Мегафон ва Тселл ба фейсбук ворид шуда намешавад. Ҳоло Instagram ва Facebook дар телефон ва дар компутерам шах шудааст”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол сокинони шаҳри Хуҷанд низ дар бораи дастнорас шудани ин ду шабакаи сернуфузтарин иброз мекунанд.

“Ман одатан аз интернети ширкати Zet mobile истифода мекунам, аммо аз дирӯз боз ба Facebook ворид шуда наметавонам”, - зикр кард ҳамсуҳбати мо.

Зимни суҳбат як корманди ширкати мухобиротӣ гуфт, дар бораи дастнорас шудани Instagram ва шабакаи Facebook хабар доранд, вале  ин мушкили хоси ширкат нест.

Дар гурӯҳҳои шабакаи иҷтимоии Facebook низ корбарон аз мушкилии истифодаи ин шабака мегӯянд.

Ҳамчунин корбарон аз дастнорас шудани вебгоҳҳои расонаҳои маҳаллии хабарӣ дар кишвар шиква мекунанд.

Суръати интернет тезтар шудааст: Тоҷикистон дар раддабандии нави “Speedtest Global Index”

Бо гузашти чаҳор рӯз аз дастнорасшавӣ ба шабакаи ҷаҳонии Instagram ва инак  Facebook то ҳол Хадамоти алоқа масъули соҳаи комуникатсионии кишвар дар бораи мушкили ба вуҷуд омадаро расман шарҳ надодаанд.

Барчаспҳо:
дастнорас шудани барнома, Instagram, Facebook, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ