21:27 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
151 0 0

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои тамоми сокинону меҳмонони мерасонад, ки ҳангоми убури роҳ аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ истифода бурда, пеш аз ҳама ҷони худро дар хатар нагузоранд

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Дар эстакадаҳои пойтахт 49 адад камераҳои мушоҳидавӣ насб гардиданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.

"Дар гузаргоҳҳои зеризаминии роҳҳои сесатҳа-эстакадаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 49 адад камераҳои мушоҳидавии бисёрвазифавӣ насб карда шудаанд", - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаҳои Нусратулло Махсум- Бобоҷон Ғафуров- 30 адад ва дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ – Абӯалӣ Сино 19 адад камераҳои  мушоҳидавӣ насб шудаанд.

Маркази назорати дурбинҳои мазкур дар қисми навбатдории шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Сино ҷойгир ва нафари масъул аз ҳисоби кормандони милитсия вобаста карда шудааст.

"Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои тамоми сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе мерасонад, ки ҳангоми убури роҳ аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ истифода бурда, пеш аз ҳама ҷони худро дар хатар нагузоранд", - таъкид мекунад манбаъ.

Эстакадаи сесатҳа ҳам кумак накард: қонуншикании ронандагону пиёдагардон - навори БДА

Милитсияи пойтахт уҳдадор шудааст, ки ҷиҳати таъмини тартибот, махсусан ба низом овардани истифодаи роҳу нақлиёт ба таври ҳамешагӣ фаъолияти шабонарӯзӣ ба роҳ монда, дар ҳолати гашту гузор аз ҷойҳои ғайримуқаррарӣ, пахш намудани гулу буттаҳо, сабзкориҳо ва вайрон намудани дигар қоидаҳои шаҳрдориву шаҳрнишинӣ қонунвайронкунандагонро дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намояд.

Барчаспҳо:
милисаҳои тоҷик, дурбинҳои назоратии пойтахт, дурбинҳои назоратӣ, дурбинҳо, насб

Мавзӯъҳои асосӣ