06:46 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1511 0 0

Даҳаи дуюми моҳи январ дар Тоҷикистон ҳаво асосан бебориш шуда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе ба 12+14 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ожонсии ҳавошиносии Тоҷикистон пешгӯӣ кардааст, ки танҳо 18-19 январ ҳаво тағйир ёфта, ҳарорат каму беш поён мефарояд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои водигии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ моҳи январи соли 2021 ҳарорат дар водиҳо 0+2 дараҷа гарм мешавад ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 0-2 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.

Ҳарорати миёнаи ҳаво дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва минтақаҳои водигии ноҳияҳои тобеи марказ нисбат ба моҳи январи соли гузашта 3 дараҷа хунуктар мебошад. Дар доманакӯҳҳо ҳавои 1-3 дараҷа сардӣ пешбинӣ шудааст.

Дар  вилояти Суғд ҳарорати ҳаво дар водиҳо  аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 4-7 дараҷа сардиро ташкил медиҳад.

Ҳарорати миёнаи ҳаво дар вилояти Суғд нисбат ба моҳи январи соли гузашта дар водиҳо 3 дараҷа хунуктар буда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 1 дараҷа хунукӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар моҳи январи соли 2021 дар ҳудуди меъёр, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст  пешгӯӣ шудааст. Дар ғарби ВМКБ ҳаво 6-9 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4-10 дараҷа сардиро ташкил медиҳад.

Дар моҳи январи соли 2021 ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, 17-18 ва дар мавзеи Булункӯл 24 дараҷа хунукӣ пешбинӣ шудааст.

Давоми моҳ тағйирёбии якбораи ҳарорати ҳавои шабона дар назар дошта шуда, аз 17-22 то 23-28 дараҷа хунук, дар нимаи дуюми моҳ ҳарорати ҳаво паст шуда, то 30-35 дараҷа хунукӣ дар назар аст. Рӯзона ҳаво 13-18 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба моҳи январи соли гузашта дар ҳудуди меъёр буда, дар мавзеи Булункӯл 4 дараҷа  гармтар пешбинӣ шудааст.

Барчаспҳо:
гармо, сарди ҳаво, сардиҳо, обу ҳаво, Ожонси обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ