01:55 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
773 0 0

Раиси парлумон барои ҳалли як қатор мушкилоти навоҳии водии Рашт ваъда додааст, ки дар якҷоягӣ бо вазорату кумита ва ташкилотҳои марбута мусоидат хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон идома дорад. Дар ноҳияҳои водии Рашт мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо интихобкунандагон доир гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон.

Маҳмадтоир Зокирзода зимни дидор бо мардуми Рашт муҳтавои қонуну қарорҳои қабулгардида, Муроҷиатномаи раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии худсохт шарҳу тавзеҳ дод.

Инчунин, Маҳмадтоир Зокирзода роҷеъ ба вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншоот, таъмири манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон бо мақсади омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон сухан кард.

Гуфта шудааст, ки сокинони ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ҳамовозии худро аз сиёсати созандаи Ҳукумат изҳор намуданд.

“Ба вакил доир ба ҷудо намудани грантҳо барои бонувон, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва сохтани муассисаҳои таълимӣ бинобар сол ба сол зиёд шудани шумораи хонандагон ва ҳалли як қатор мушкилоти навоҳии водии Рашт дархостҳо пешниҳод гардиданд”, - таъкид кардааст дафтари матбуоти парлумони кишвар. 

Гуфта шудааст, ки Маҳмадтоир Зокирзода ваъда додааст, ки барои иҷрои дархостҳои мазкур  дар якҷоягӣ бо вазорату кумита ва ташкилотҳои марбута мусоидат менамояд.

Барчаспҳо:
Маҳмадтоир Зокирзода, раиси парлумон, Рашт, Тоҷикистон, парлумон

Мавзӯъҳои асосӣ