01:23 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
517 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар буда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе ба 14+16 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12  дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона  32-37 ва рӯзона 14-19 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук  то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад Амит "Ховар" аз қавли Ожонс.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Пешбинии ҳавошиносон аз тағйирёбии якбораи ҳаво дар охири январ: аз -35 дараҷа то -18

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук  ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо 0-5 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона  14+16 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
меғ мефарояд, гармӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ