15:20 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
257 0 0

Туҳфаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба деҳаҳои дурдасти ҳудуди ноҳия дастрас карда шуда, тақсими он дар ноҳия идома дорад

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Гурӯҳи кории Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон туҳфаи Президент - китоби аллома Бобоҷон Ғафуров- "Тоҷикон"-ро ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастрас карда, тақсими онро оғоз намуданд.

Китоби мазкур нахуст ба оилаҳои собиқадорони ноҳия тақдим карда шуд, хабар медиҳад Амит "Ховар" бо такя ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим.

Гуфта мешавад, ки мардуми ноҳияи Ишкошим туҳфаи Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти беандоза пазируфта, миннатдории амиқи худро ба президент баён доштанд.

Туҳфаи хотирмон ба ҷамоатҳои деҳот, алалхусус деҳаҳои дурдасти ҳудуди ноҳия дастрас карда шуда, тақсими он дар ноҳия идома дорад.

Шакли электронии китоби "Тоҷикон" дар сомонаи Академияи улум дастрас шуд

Ёдовар мешавем, ки 26 декабри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф намуд, ки ба ифтихори ҷашни 30 -солагии Истиқлоли давлатӣ китоби аллома Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон"-ро аз ҳисоби фонди Президент нашр намуда, ба ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ туҳфа намоянд.

Барчаспҳо:
таърихи тоҷикон, Бобоҷон Ғафуров, ҳадя, Эмомалӣ Раҳмон, Ишкошим

Мавзӯъҳои асосӣ