21:50 23 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
243 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш шуда, гармии ҳаво дар навоҳии вилояти Хатлон ба 14+16 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Бино ба гузориши Ожонсии ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят меғ мефарояд.

Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12  дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 0-5 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 28-33 ва рӯзона 14-19 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш шуда,  дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук  то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук  ва рӯзона  4+9 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук  то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 дараҷа хунук  ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо 0-5 дараҷа сард мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм  мешавад.

Барчаспҳо:
меғ мефарояд, гармӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ