03:00 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
191 0 0

Раҳмонзода вобаста ба ташаккули раванди неруи эҷодӣ, дарёфти истеъдодҳои нави бахши оҳангсозӣ ва иҷрокунандагӣ, рушди санъати мусиқии касбии миллӣ, дар назди масъулини дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии ёвари Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаи ситоди корӣ баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, дар ҷаласа масъалаҳои татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон ва рушду такомули санъати мусиқии миллии тоҷик баррасӣ гардиданд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода вобаста ба ташаккули раванди неруи эҷодӣ, дарёфти истеъдодҳои нави бахши оҳангсозӣ ва иҷрокунандагӣ, рушди санъати мусиқии касбии миллӣ, эҷоди асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ, дар назди масъулини дахлдори кишвар вазифаҳои мушаххас гузошт.

Инчунин оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ ва ташаккули фарҳанги мусиқии муосири тоҷик аз вазифаҳои муҳим дониста шуд.

Аз баҳси барқрасонӣ то омодагӣ ба ҷашнҳои бузурги соли 2021 дар ҷаласаи Ҳукумат

Манбаъ афзуда, ки дар кори ҷаласа вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид, роҳбарони сохторҳои Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи копмозиторони Тоҷикистон, иттифоқҳои эҷодӣ ва роҳбарони гурӯҳҳои ҳунарӣ ширкат доштанд.

Барчаспҳо:
ситод, ҷаласа, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ