13:21 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
9110

Дар ин сафар кӯдакон аз тамошои мавзеъҳои зебову кӯҳҳои осмонбӯс ва манзараҳои нотакрори диёр болидахотир гаштаву ғизои маънавӣ бардоштанд

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Бо ибтикори шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти вилояти Хатлон ва дастгирии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода як гурӯҳ ятимони кулли вилоят барои саёҳат ва истироҳат ба мавзеи сайёҳии "Сафеддара"-и ноҳияи Варзоб сафар намуданд.

Дар ин сафари сайёҳӣ гурӯҳи ятимонро намояндагони мақомоти Хатлон ва ноҳияи Данғара ҳамроҳӣ намудаанд.

Бино ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон, зимни сафар онҳо аз тамошои мавзеъҳои зебову кӯҳҳои осмонбӯс ва манзараҳои нотакрори диёр болидахотир гаштаву ғизои маънавӣ бардоштанд.

"Кӯдакон аз дидани манзараи нуқрафому дилкушо, сайругашти одамони зиёд ва сайёҳони хориҷӣ ба ваҷд омада, хурсандиашонро ҳадду канор набуд", - омадааст дар хабарнома.

Онҳо дар ин макони дилфиреб ба бозии рӯйи ях ва барфбозӣ машғул гардидаанд. Инчунин гурӯҳи сайёҳони наврас гирди гулхан ҷамъ шуда, бо ҳамдигар суҳбати дӯстона оростанду рақсу бозӣ карданд.

Раҳмон ба 50 ятим дар ноҳияи Рӯдакӣ пулу тӯҳфа тақдим карда, чанд маслиҳат дод

Манбаъ афзуда, ки дар доираи дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Ҳукумати Тоҷикистон ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа худро танҳо эҳсос накарда, бо шукргузорӣ барои ояндаи дурахшон ва зиндагии обод талош меварзанд.

Барчаспҳо:
тамошо, Хатлон, Сафедорак, Сафед-дара

Мавзӯъҳои асосӣ