Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ширкатеро, ки дар маркази Душанбе меҳмонхонаи панҷситорадори 24-ошёна месозад, аз пардохти боҷу андоз озод кард
Масъулини ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо баргузории як ҷаласа, нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии давоми соли 2020 ҳосилшударо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд
Муддати 10 рӯз мешавад, ки дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта намешавад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сардшавии ҳаво дар ВМКБ ва фаромадани меғи ғафс ҳушдор медиҳад
Қобилҷон Гиёев, собиқ сардухтури Шифохонаи марказии ноҳияи Рашт, дар миёни мардум маъруф ба “аҷали коронавирус” мегӯяд, COVID – 19 дар Тоҷикистон ҷазояшро дид, аммо набояд ғафлат кард
Мақомоти Тоҷикистон муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаевро дар кӯшиши муташанниҷ сохтани вазъ дар кишвар айбдор кардаанд
Ҷӯра Абаев, охирин сокини яҳудии шаҳри Хуҷанд, дар синни 83 – солагӣ дунёро падруд гуфт
Парвози мустақим ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ҶДММ "Сомон Эйр" анҷом дода мешаванд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду зан хабар медиҳад, ки дар ташкили фоҳишахона муттаҳам мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш шуда, гармии ҳаво дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ то ба 15+17 дараҷа мерасад