COVID - 19 нест: омори тозаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе
Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муддати 10 рӯз мешавад, ки дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта намешавад

ДУШАНБЕ, 15 январ - Sputnik. Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта низ дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятшавӣ аз вируси COVID - 19 сабт нашудааст.

Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Пешбинии вазир: коронавирус то тобистон дар Тоҷикистон нест мешавад

Ба иттилои манбаъ, аз замони авҷ гирифтани ин беморӣ дар Тоҷикистон 13 308 нафар дардманд гардиданд.

Ҳоло бошад, аз ин миқдор гирифторон аллакай 13 218 нафар шифо ёфта, аз дармонгоҳҳо мураххас шуданд. Манбаъ меафзояд, дар Тоҷикистон 99,3 дарсади беморон шифо ёфтаанд.

Аммо бояд гуфт, ки аз аввали хуруҷи ин беморӣ то рӯзи 15 январ, дасти кам 90 мариз ҷони худро аз даст доданд.

Аз 2 миллион гузашт: охирин омори фавт аз коронавирус дар ҷаҳон

Бо вуҷуди он ки чанд рӯз пайдаҳам ягон мавриди сироятшавӣ дар кишвар сабт нашудааст, вале маҳдудиятҳое, ки қаблан ҷорӣ буданд, ҳоло ҳам бекор карда нашудаанд.

Аз ҷумла, дари масоҷид ҳамоно ба рӯи намозгузорон баста аст. Тӯю маъракаҳои дигари хурсандӣ низ бо ҳузури теъдоди ками меҳмонон баргузор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0