17:40 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
156622

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ширкатеро, ки дар маркази Душанбе меҳмонхонаи панҷситорадори 24-ошёна месозад, аз пардохти боҷу андоз озод кард

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумат, ширкати “Себистон – 2018”-ро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ зимни воридоти молу масолеҳи зарурӣ барои бунёди меҳмонхона озод кард.

Ҳукумат феҳрасти масолеҳу таҷҳизотро тасдиқ карда, Хадамоти гумрукро муваззаф намудааст, ки расмиёти заруриро саривақт анҷом диҳад.

Сохтмони меҳмонхонаи замонавии “Grand Rudaki Tower”дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи сентябри соли 2019 оғоз шуда буд.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, “Grand Rudaki Tower” як Маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ хоҳад буд, ки аз меҳмонхонаи панҷситорадори 24-ошёна ва ду адад апартаментҳои қароргоҳии 18-ошёна иборат мебошад.

Современный Душанбе
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Современный Душанбе

 “Худи бинои меҳмонхонаи панҷситорадор аз 24 ошёна иборат буда, ҳамчунин ду бинои 18-ошёнаи дигари апартаментҳои резиденсӣ низ дар шафати он бунёд хоҳад ёфт”, - таъкид намуда буд котиботи раисиҷумҳур.

Манбаъ афзуд, иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Себистон-2018” бунёд ёфта, он дорои 141 ҳуҷра хоҳад буд ва имконияти қабули меҳмонони сатҳи олиро хоҳад дошт.

Мавзӯъҳои асосӣ