Дамои ҳаво: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе
Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе рӯзона ба 18+20 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ кишвар, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11  дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 0-5 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  22-27 ва рӯзона 15-20 дараҷа  хунук мешавад.

Туман в горах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори КҲФ аз сардии шадид ва меғи ғафс дар Тоҷикистон: то -32 дараҷа хунук мешавад

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук  то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук  ва рӯзона  6+11 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то  2 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2  дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст.  Ҳарорати ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона   18+20 дараҷа гарм  мешавад.

Лентаи хабарҳо
0