Қадами "лимит" ба Мурғоб низ, ки 30 дараҷа сард аст, расидааст

© Sputnik / Амир ИсаевХуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Расонаҳо иттилоъ медиҳанд, ки дар ноҳияи Мурғоб, ки минтақаи сардтарини Тоҷикистон аст, интиқоли барқ маҳдуд шудааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Сармо кӯҳистоннишинони Тоҷикистонро бо камбуди барқ рӯбарӯ кард, гузориш медиҳад "Парс тудэй дар истинод ба "Топ тиҷи".

Манбаъ менависад, сармои шадиди зери 30 дараҷа сокинони ноҳияи Мурғоб баландтарин минтақаи вилояти Бадахшони Тоҷикистонро бо камбуди барқ рӯбарӯ кардааст.

"Бо вуҷуди ин ки дар ду соли ахир аз нерӯгоҳи барқи обии ҳазору 500 мегаватӣ, нерӯгоҳи офтобии 220 киловаттӣ дар ноҳияи Мурғоб баҳрабардорӣ шуда, аммо акнун ба хонаҳои сокинони ин ноҳияи кӯҳистонӣ, ки дар иртифоъи 3 ҳазору 600 метрӣ аз сатҳи дарё воқеъ шудааст, 12 соат дар шабонарӯз барқ мунтақил мешавад", - менависад хабаргузорӣ.

Дар ҳамин ҳол, Шоҳфозил Шоҳнизиров, корманди ширкати барқи вилояти Бадахшон гуфтааст, ки кам будани об дар нерӯгоҳи барқи обии Мурғоб мӯҷиби таваққуфи фаъолияти яке аз ду турбини ин нерӯгоҳ шудааст. Бо ҳамин далел масъулон маҷбуранд даст ба маҳдудияти барқ бизананд.

Кошка сидит на дровах  - Sputnik Тоҷикистон
Лимити барқ нархи ангишт ва ҳезуму таппакро боло бурд

Вай афзуд, ин ширкат қасд дорад, ки дар 61 рӯстои ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон нерӯгоҳҳои офтобӣ бисозад то аз манобеи оби камтаре истифода шавад ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ низ таъмин шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки қимат ҳар киловатт/соат барқ дар вилояти Бадахшон 27 дирам аст, ки дар муқоиса бо соири манотиқи Тоҷикистон гаронтар аст.

Мақомоти Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” аз рӯзи 6 январи имсол ба далели камбуди об дар сади нерӯгоҳи барқи обии Норак интиқоли барқро маҳдуд кардаанд.

Лимити барқ нархи ангишт ва ҳезуму таппакро боло бурд

Дар чорчӯби ин маҳдудияти сокинони манотиқи рустоии Тоҷикистон танҳо аз соати 6 субҳ то 23 шаб барқ доранд.

Аҳолии ноҳияи Мурғоб, тибқи омори соли 2010,  6 ҳазору 300 нафар гуфта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0