19:05 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
503 0 0

Интизор меравад, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи наздик фаъолияти шаҳрдории Душанберо мавриди санҷиши навбатӣ қарор диҳад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар ин бора раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ин ниҳоди кишвар дархост ирсол кардааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, мақсад аз дархости санҷиши фаъолят аз ҷониби раиси шаҳр, таъмини шаффофияти фаъолияти шаҳрдорӣ ва истифодаи буҷаи он аст.

"Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот дар соли 2020 дархост  ирсол намуд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Ҳамин тавр, интизор меравад, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи наздик фаъолияти шаҳрдории Душанберо мавриди санҷиши навбатӣ қарор диҳад. Айнан чунин даъватро соли гузашта низ раиси шаҳри Душанбе ба палатаи мазкур ирсол карда буд.

Палатаи ҳисоб гуфт, барои хунукназарӣ чанд мансабдори давлатиро ҷазо доданд

Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи январи соли 2020 Палатаи ҳисоб гузориш дода буд, ки дар соли сипаригардида аз ҷониби кормандони Палатаи ҳисоб соли  сипаригардида беш аз 300 санҷиши аудиторӣ дар  вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо субъектҳои  хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ гузаронида шуданд, ки  дар натиҷа беш аз 234 миллион  сомонӣ  зарари молиявӣ  муайян гардид.

Мавзӯъҳои асосӣ