20:02 03 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
503 0 0

Аз имрӯз сар карда, тақрибан дар саросари Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат бо барфи тар сар мешавад, ки дар кишвар чанд рӯз идома хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҳавошиносон дар Тоҷикистон боришоти барфи тару боронро пешбинӣ карданд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Дар Душанбе ҳавои нимаабрӣ ба қайд гирифта шуда, баъзан борон меборад, ҳарорат рӯзона то + 12-14 ℃ гарм ва шабона 1-3 ℃ сард хоҳад буд.

Дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ бориш на танҳо дар шакли борон, балки барф пешбинӣ шуда, шамол низ ба назар мерасад. Дар водиҳо шабона ҳарорат ба сифр ва дар кӯҳҳо ба -3 дараҷа мефарояд ва рӯзона, сарфи назар аз номусоидии ҳаво, ҳаво то 10-15 гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, ҳаво  тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши сусти барф ба амал меояд. Дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-5,5мм) пешгӯӣ мешавад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18  дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво аз 4 дараҷа  хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  19-24 ва рӯзона 12-17 дараҷа сард мешавад.

Ба Тоҷикистон гармӣ меояд - пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои ҳафтаи нав

Дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд, чунин ҳолат ба назар мерасад:  барфу борон меборад ва дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Ҳарорат шабона то -2 дараҷа ва рӯзона то + 11 дараҷа мебарояд.

Дар вилояти Хатлон дар баъзе ноҳияҳо каме борон меборад, рӯзона то + 16 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.

Барчаспҳо:
борон, барф, сардӣ, гармӣ, Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ