04:23 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
265 0 0

Аз шоми дирӯз дар масири роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ бориши барф оғоз гардида, айни ҳол идома дорад

ДУШАНБЕ, 19 январ - Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”, роҳ ба таври мунтазам бо маводи зиддилағжиш коркард мешавад.

Гуфта шудааст, ки ҳоло техникаҳои марбут ба филиали ширкат дар ҳолати омодабош қарор дошта, ба минтақаҳои аз бориш зиёдтар осебпазир сафарбар шудаанд.

Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки филиали ширкати “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” Қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021”-ро сармашқи кор қарор дода, ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ гирифтааст.

Ҳушдори БДА ба ронандагон: дар роҳҳои Душанбе - Чаноқ ва Кӯлоб - Хоруғ боэҳтиёт бошед

Ҳамзамон таъкид шудааст, ки барои фаъолияти муназзам дар фасли сармо дар ҳаҷми зарурӣ маводи зиддилағжиш, ангишт, сӯзишворӣ (солярка ва бензин), равғанҳои молиданиву либосҳои зимистона захира шудаанд.

Барчаспҳо:
роҳ, Душанбе-Чаноқ, Душанбе, барф, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ