12:38 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
141 0 0

Мақомоти вилояти Суғд эълон кардааст, ки барои таъминоти мунтазами оби полезӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дар соли равон дар вилоят чораҳои мушаххас ба кор гирифта мешавад

ДУШАНБЕ, 19 январ – Sputnik.  Ба нақл аз дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд дар соли 2020 бо мақсади роҳандозӣ намудани таъминоти мунтазами оби полезӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ки омили муҳими баланд бардоштани боздеҳи замин мебошад, тадбирҳо андешида мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, аз ҳисоби буҷети вилоят барои ба мавсими киштукор омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ 4,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки ба шаҳру ноҳияҳои Зафаробод 1,9 миллион, Ашт 1 миллион сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров 500 ҳазор сомонӣ, Ҷаббор Расулов 300 ҳазор сомонӣ, Мастчоҳ 300 ҳазор сомонӣ ва барои корҳои лоиҳавӣ дар мавзеи Рухак 200 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шуд.

"Дар соли 2020 ҳолати мелиоративии 5731 гектар замин беҳтар карда шуд, ки баробари 104,3 фоизи нақша мебошад", - зикр намудааст манбаъ.

Ҳамзамон манбаъ афзуда, ки дар вилоят 241 Ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият мебаранд, ки дар танзими низоми обрасонӣ ва таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо об нақши муҳим доранд.

Барчаспҳо:
пойгоҳҳои обкашӣ, пойгоҳ, сомонӣ, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ