09:02 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (102)
214101

Маъруф Муҳаммадзода, собиқ раиси шаҳри Хуҷанд дар ҳукумати вилояти Суғд ба вазифаи нав таъйин шудааст

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон бо қарори Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд, Маъруф Муҳаммадзода мудири бахш оид ба сохтмон дар ҳукумати Суғд таъйин шудааст.

"Маросими муаррифии Муҳаммадзода ба мақоми нав, имрӯз дар ҳукумати вилояти Суғд доир шуд", - гуфт манбаъ.

Гуфта мешавад, собиқ шаҳрдори Хуҷанд дар ин мақом нав ба ҷойи Аминҷон Бобоҷонов таъйин шудааст.

Бо омадани Муҳаммадзода, Бобоҷонов ба куҷо рафтааст, зимнан маълум нест. 

Маъруф Муҳаммадзода 29 июли соли 1962 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1984 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис - сохтмончӣ хатм намудааст.

Солҳои 1985 – 1986 дар вазифаи муҳандиси шуъбаи техникии трести "Сельстрой-2"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор карда, солҳои 1986 – 1990- фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун муҳандиси шӯъбаи истеҳсолӣ-техникӣ, устои КСМ-44-и трести "Сельстрой-2"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома додааст.

То соли 2011 дар ба сифати муҳандис дар корхонаҳои сохтмонӣ фаъолият намудааст.

Таъиноти кадрӣ аз Бонки миллӣ то Прокуратураи генералӣ: президент кадрҳоро ҷобаҷо кард

Солҳои 2011 – 2014 дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 2014 – 2015 мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буд.

Аз январи соли 2015 то соли 2017 дар вазифаи муовини Раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият кард.

Баъдан бо фармони Эмомалӣ Раҳмон 31 марти соли 2017 Муҳамадзода Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид ва расо се сол дар ин мақом ифои вазифа мекард.

Тағйироти кадрӣ дар 8 шаҳру навоҳии Хатлон: кӣ ба куҷо рафт?

Санаи 18 ноябри соли 2020, ӯ бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз ин мақом барканор шуд. Ба курсии Муҳаммадзода Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд такя зад.

Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (102)
Барчаспҳо:
Суғд, таъйиноти кадрӣ, вазифа, Маъруф Муҳаммадзода

Мавзӯъҳои асосӣ