11:48 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
456610

Парлумони Тоҷикистон тарҳи қонун "Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ"-ро имрӯз қабул кард, ки бар асоси он солона то 10 фисади ҷавонони синни хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Тарҳи қонун "Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ"-ро Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи кишвар баррасӣ карда гуфт, афроде, ки дар синни хизматанду аз ин 10 фисади даъватшаванда канор мемонад, бо пардохти маблағу машқи якмоҳа дар ҳайати нерӯҳои захиравӣ, метавонанд соҳиби билетӣ ҳарбӣ шаванд.

Вазири дифоъ гуфт, тартиби таълими чунин захираҳо ва шакли пардохти хидмати ҳармоҳа ҳанӯз муайян нашудааст ва ин дар салоҳияти ҳукумат мебошад.

Ҳамзамон, бар асоси тарҳи нави ин қонун ҷавононе, ки донишгоҳҳоро новобаста аз кафедраи ҳарбӣ доштанашон хатм мекунанд, танҳо пас аз як соли хизмати аскарӣ, соҳиби рутба мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан донишҷӯёне, ки донишгоҳҳои дорои кафедраҳои ҳарбӣ доштаро хатм мекарданд, рутбаи афсари эҳтиётиро мегарифтанд ва аз хизмат озод буданд.

Тоҷикистон дар радабандии байналмилалии қудрати низомӣ: Ӯзбекистон қавитар аз ҳама дар ОМ

Вазири мудофиаи Тоҷикистон ҳамзамон зимни муаррифии ин тарҳи қонун гуфт, минбаъд  ба ниҳодҳои қудратӣ аз қабили прокуратура, суд, коррупсия, гумрук танҳо афроде ба кор гирифта мешаванд, ки хизмати ҳарбӣ карда бошанд.

Қаблан сару садоҳо дар бораи поин овардани муҳлати хизмати ҳарбӣ низ буданд, аммо дар ин тағйиру иловаҳо ҷой надоранд.

Барчаспҳо:
хизмати ҳарбӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ