08:30 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3109 0 0

Бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои намноки баҳримиёназаминӣ ва ҳавои сард аз самти урупоии Русия дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буҳрони барфӣ, яхбандӣ, дар роҳҳои нақлиётгард пайдоиши қабати барф аз эҳтимол дур нест

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Рӯзҳои 22-23 январ дар Тоҷикистон обу ҳаво якбора номусоид шуда, бориши борон бо гузариш ба барф дар назар аст.

Дар ин рӯзҳо ҳарорат шабона то 8-10 ва рӯзона то 10-15 дараҷа (ба истиснои ВМКБ) паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд, хабар медиҳад агентии "Ховар" бо такя ба Ожонси ҳавошиносӣ.

Ба Тоҷикистон гармӣ меояд - пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои ҳафтаи нав

Зимнан, Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ медиҳад, ки 22 январ  дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон бориши пуршиддат пешбинӣ мешавад.

Вазиши бод аз самти ғарб бо шиддати то 15-20 метр дар як сония дар назар аст.

"Бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои намноки баҳримиёназаминӣ ва ҳавои сард аз самти урупоии Русия дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буҳрони барфӣ, яхбандӣ, дар роҳҳои нақлиётгард пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ аз эҳтимол дур нест", - омадааст дар хабарнома.

Дар ноҳияҳои водигии ҷумҳурӣ часпидани барфи тар ба ноқилҳои барқӣ ва шохи дарахтон дар назар буда, дар роҳҳои нақлиётгард пайдо шудани қабати барф пешгӯӣ мешавад.

Барчаспҳо:
номусоид, Тоҷикистон, Русия, сардӣ, обу ҳаво

Мавзӯъҳои асосӣ