23:41 28 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
20111

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва камабри бебориш дар назар буда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе 17+19 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  тағйирёбандаи  бебориш пешгӯӣ мешавад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17  дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  23-28 ва рӯзона 4-9 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук  то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук  ва рӯзона  2+7 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. 

Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  

Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Ҳаво шабона  0+2 ва рӯзона   17+19 дараҷа гарм  мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ