Бобоҷон Азизов - ҳунарманди маъруфи тоҷик даргузашт

© Sputnik / Стас ЭтвешПохороны в Таджикистане, архивное фото
Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманди маъруфи тоҷик дар сини 71-сола тарки олам кард. Бобоҷон Азизов аз ҷумлаи маъруфтарин сарояндагони солҳои 80-90 садаи гузашта мебошад

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Хабари даргузашти ҳунармандро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тасдиқ карданд.

Дар бораи марги Бобоҷон Азизов сомонаи "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" низ гузориш медиҳад.

"Ҳамин лаҳзаҳо хабари марги Бобоҷон Азизов –ҳунарманди варзида ва дӯстдоштанӣ расид. Бобоҷон Азизов аз ҷумлаи маъруфтарин сарояндагони солҳои 80-90 садаи гузашта мебошад. Яке аз чеҳраҳои мондагори санъати тоҷик. Шахсе, ки дар ҳунар роҳи худро ёфт, сабку шеваи хоси худро дорад. Мураббии даҳҳо ҷавони ҳунарманд ва падари мушфиқу меҳрубон буд", - менависад манбаъ. 

Хабибулло Абдуразаков - Sputnik Тоҷикистон
Талафоти бузурги санъати тоҷик: Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашт

Азизов Бобоҷон 26 июни соли 1950 дар шаҳри Кўлоб ба дунё омадааст. Сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб мебошад. 

Фаъолияташро аз Хонаи маданияти шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, тайи солҳои 1976-1989 сарояндаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода буд.

Аз соли 1989 роҳбари бадеии ансамбли "Навои Хатлон" ба ҳисоб мерафт.

Сурудҳои "Дилҳо нишона карда", "Ёди Ватан", "Ҳарфи дигар мазан", "Нолаи Кова", "Хори макун", "Модар", "Ту ширинлаб" ва ғайра, ки Азизов сурудааст, байни мардум шӯҳратёб гардидаанд.

Даргузашти Дӯстмурод Уроқов, иқтисодшиносу адиби тоҷик-акс

Азизов дар намоишҳо, аз ҷумла "Карим девона" ва "Хусрав ва Ширин" нақшҳои асосиро бозидааст.

Дорандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии ҳофизони ҷавон (1979), иштирокчии театрҳои халқӣ дар шаҳри Маскав, Фестивали умумиҷаҳонии театрҳои халқӣ дар шаҳри Кишинёв (1970) ва Ярмаркаи умумиҷаҳонии Лейпсиг (РДГ, 1983). Бо ордени Дӯстӣ (1998) ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0