23:23 28 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
101 0 0

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” иҷрои парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе аз нав оғоз менамояд. Парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа иҷро мешаванд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Парвози нахустин санаи 29-уми январ ба нақша гирифта шудааст. Вақти парвоз аз Душанбе 10:30, аз Тошканд 13:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад, хабар дод ширкати ҳавоӣ ба Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши парвоз ба Тошкандро доранд, бояд бо худ маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, дошта бошанд.

"Маълумотнома бояд аслӣ бошад, ҳатман ҳама навиштаҷоти он дар компютер ҳуруфчинӣ шуда бошанд (дастхат набошад) ва аз ҷониби лабораторияе, ки дар давлати хуруҷ акредитатсия дорад, бо забони русӣ ё англисӣ пешниҳод карда шавад", - таъкид мекунад манбаъ.

Кӯдакони то 12-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд. Шахсоне, ки нишонаҳои COVID-19-ро доранд ва ашхосе, ки натиҷаи санҷиши ПСР-тесташон мусбат мебошад ба парвоз роҳ дода намешаванд, меаязояд "Сомон Эйр".

Тибқи қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии Ӯзбекистон то 1-уми феврали соли 2021 парвозҳои байналмилалӣ бо Бритониёи Кабир, Италия, Олмон, Дания, Австрия, Австралия, Ҳолланд ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ қатъ карда шуданд.

Шаҳрвандони муқими ин кишварҳо, инчунин шахсони бешаҳрвандӣ ва шаҳрвандони кишварҳои сеюм, ки дар тӯли 14 рӯзи охир дар ин кишварҳо буданд, иҷозаи вуруд ба Ӯзбекистонро надоранд.

Шаҳрвандони Ӯзбекистон ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки тавассути кишварҳои сеюм ба Ӯзбекистон ворид мешаванду дар давоми 14 рӯзи охир дар Бритониёи Кабир, Италия, Олмон, Дания, Австрия, Австралия, Ҳолланд ва Африқои Ҷанубӣ буданд, пас аз вуруд ба Ӯзбекистон дар маҷмааи муваққатии карантинӣ ё меҳмонхонаи марбута давоми 14 рӯз ба карантин гирифта мешаванд.

Ҳамаи мусофироне, ки ба Ӯзбекистон ворид мешаванд, бояд барои муайян кардани сирояти коронавирус тавассути экспресс-тест аз ташхис гузаранд.

Экспресс-тест дар фурудгоҳи Тошканд аз ҳисоби мусофирон гузаронида мешавад. Мусофироне, ки натиҷаи тесташон мусбат аст, барои табобат ба беморхона равона карда мешаванд.

Ӯзбекистон ҷадвали парвозҳо миёни Тошканд – Душанберо дақиқ кард

Кулли мусофироне, ки вориди Душанбе мешаванд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус (COVID-19) - натиҷаи манфии ПСР-тестро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон гирифта шудааст, дошта бошанд.

Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд. Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ бобати вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (натиҷаи манфии ПСР-тест), ки давоми 72 соат қабл аз вуруд ба Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, зарур мебошад.

Ба шаҳрвандони Ӯзбекистон барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ лозим нест.

Коҳиши парвозҳо: ширкатҳои ҳавоию фурудгоҳҳо чанд миллиард зарар диданд?

Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои гирифторӣ ба коронавирусро доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Давоми парвоз мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва хариди чипта лутфан ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ, намояндагии ширкат дар Тошканд – ширкати "APG UZBEKISTAN" ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат намоед.

Мавзӯъҳои асосӣ