15:31 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1589 0 0

Кормандони милитсия сокини шаҳри Турсунзодаро барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон боздошт намуданд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Сокини 60 - солаи шаҳри Турсунзода аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудааст, ки дар ғайриқонунӣ нигоҳ кардани яроқ муттаҳам дониста мешавад.

Кормандони пулис зимни кофтуков аз болопӯши хонаи сокини Турсунзода як адад автомат Калашников бо 24 дона тир ва ҳамчунин як адад норинҷак дарёфт ва мусодира карданд.

Тауров Маъмурҷон ба кормандони милитсия омили нигоҳ доштани силоҳи оташфишонро дар манзили худ шарҳ дод.

Боздошти силоҳфурӯш ҳангоми амалиёти корд дар Душанбе

Ба таъкиди ӯ, солҳои 1997 - 98 бо арзиши 300 доллар хариддорӣ карда буд. Ӯ мегӯяд, "ҳадафаш танҳо ҳимояи худ ва фарзандон ҳасту халос".

Гуфта мешавад дар робита ба ин ҳодиса нисбати Тауров тибқи моддаи 195 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Моддаи мазкур ҷарима аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисоб ва ё аз 3 то 5 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Барчаспҳо:
навор, мусодира, силоҳ, Турсунзода

Мавзӯъҳои асосӣ