11:52 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
321811

Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо гузашти 2 моҳи эълони ҳукми собиқ шаҳрдори Кӯлоб, Баҳром Иноятзода тафсилоти парвандаи ӯ ва чор шарикашро нашр кард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бино ба тафсилоти тозае, ки  Прокуратураи генералии Тоҷикистон ироа кардааст, "Баҳром Иноятзода ҳангоми раиси шаҳри Кӯлоб будан, аз 13 нафар пора гирифта, маҳсулоти хайриявиро тасарруф карда", бо маблағҳои бадастовардааш, ба миқдори бештар аз 2 миллион сомонӣ Бунгоҳи тиббии шахсӣ сохтааст.

"Иноятзода Б. бо маблағҳо ва амволҳои бо роҳи содиркунии ҷиноят ба дастовардааш, бо мақсади рӯйпуш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк дар ҷои манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Р.Абдушукурова, хонаи №28 Маркази тиббӣ хусусӣ ба маблағи 2 317 994 сомонӣ бунёд кардааст", - омадааст дар гузориши прокуратура.

Дигар иттиҳомоте, ки бар дӯши Иноятзода гузоштаанд, ин ғайриқонунӣ азхуд кардани ду манзил дар шаҳри Душанбе будааст.

" Ба ғайр аз ин, Иноятзода Б. молу амволҳои ғайриманқул, воқеъ дар сӯроғаҳои кӯчаҳои Н.Қарабоев ва А.Ғуломови ш.Душанбе-ро ба даст оварда, бо мақсади рӯйпуш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк, онҳоро ба номи шахсони дигар барасмият даровардааст", - менависад манбаъ.

Аммо, Иноятзода Б. аз соли 2015 инҷониб дар эъломияҳо оид ба вазъи амволии хизматчии давлатӣ ба ғайр даромадҳои аз маоши давлатӣ ба дастовардааш, дигар манбаъҳои даромад ва амволашро пинҳон доштааст, тавзеҳ медиҳад прокуратура.

Нисбат ба худи Баҳром Иноятзода бо шаш моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда ифтитоҳ шуда буд.

Эълони ҳукми зиндони Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб

Чунончи манбаъ менависад, "Прокуратураи ш.Кӯлоб 25-уми майи соли 2020 нисбати Иноятзода Б. бо моддаҳои 314 қ.2, 319 к.4, б. "а,в,г", 245 қ.2, б. "а,б,ғ", 247 қ.4, б. "б", 3381 К. 2, б. "в" , 262 қ.З, "б" КҶ ҶТ парванда ифтитоҳ карда баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ ба додгоҳ иросл кард."

Ҳамин тавр, додгоҳ Иноятзодаро дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 314 қисми 2,319 қисми 4 бандҳои “а,в,г”, 245 қисми 2 бандҳои “а,б,г”, 247 қисми 4 банди “б”, 338' қисми 2 банди “в” ва 262 қисми 3 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор донистааст.

"Ба ӯ бо ин моддаҳо ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 12 сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати 5 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр,бо мусодираи молу амволе, ки ба ҳабс гирифтан таъйн карда шуд", - менависад манбаъ.

Парвандаи чор шарики Иноятзода

Прокуратураи генералӣ инчунин парвандаи чор шарики Баҳром Иноятзодаро шарҳ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Прокуратураи шаҳри Кӯлоб нисбати чор шарики Иноятзода - Хурамов Хурсандалӣ Пардаевич, Дурбонов Фирӯз Давлатхуҷаевич, Ашурмадов Хуршед Ҳасанович ва Шамсудинов Муҳаммадӣ Ҳайдарович парвандаи ҷоноӣ ифтитоҳ кардаву ба суд ирсол намудааст.

Гуфта мешавад, ба Хурамов Х.П. бо моддаҳои 36 қисми 2-319 қисми 4 бандҳои “а,в,г” ва 247 қисми 2, бандҳои “а,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонов Фирӯз Давлатхуҷаевич бо моддаи 36 қисми 2-319 қисми 4 бандҳои “а,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ бо ин моддаҳо ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодй ба мӯҳлати 8 сол бо адои ҷазо дар колониям ислоҳии низомаш пурзӯр таъйин карда шуд.

 Ба Ашурмадов Х.Ҳ. бо моддаҳои 245 қисми 3 банди “а” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ бо ин моддаҳо ҷазои ниҳоӣ ба мӯҳлати 7 сол бо адои ҷазо дар колониям ислоҳии низомаш пурзӯр таъйин карда шуд.

Ба Шамсудинов М.Ҳ. бо моддаи 259 қисми 2 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 547 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин карда шуд.

Боздошти Иноятзода

Ёдрас мешавем, Баҳром Иноятзода моҳи июни соли 2020 бо иттиҳоми азхуд кардани кӯмаки башардӯстона боздошт шуд ва сипас мақомот аз дигар иттиҳомот нисбат ба Иноятзода хабар доданд.

Ҳоли Иноятзода, раиси барканоршудаи Кӯлоб ва афзоиши дубораи беморон дар шаҳр

Чанд муддат пеш аз боздошт шуданаш, як изҳороти Баҳром Иноятзода дар мавриди ширкати сохтмонии мутаалиқ ба Бек Зуҳур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон расонаӣ гашта буд.

Баҳром Иноятзода аз сарпечии ин ширкат аз андоз интиқод карда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ