00:29 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4014 0 0

Рутбаи генерал-лейтенантро ба сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, ёвари президент оид ба масоили кадрҳо Асадулло Раҳмон супорид

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Имрӯз кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил менамоянд.

Дар ин робита, дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми сарвазир Давлаталӣ Саид, ёвари Президент оид ба масоили кадрҳо Асадулло Раҳмон ва собиқадорони мақомоти гумрук ширкат намуданд.

Давлаталӣ Саид гумрукчиёни кишварро бо ин рӯз шодбош гуфта, барои барзиёд иҷро намудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ минатдории Президент Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳар корманди мақомот расонид.

"Асадулло Раҳмон Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи додани рутбаи генерал-лейтенанти хадамоти гумрукро ба сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ба самъи ҳозирин расонд ва Хуршед Каримзодаро бо рутбаи навбатӣ муборакбод намуд", - хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Ҳамчунин, бо фармони сардори Хадамоти гумрук барои иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ роҳбарият ва кормандони мақомоти гумрук бо мукофот, ифтихорнома, сипосномаву раҳматнома, медали ҷашнии "25-солагии мақомоти гумрук"- и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  нишони сарисинагии "Аълочии хадамоти гумрук" қадрдонӣ гардиданд.

Барчаспҳо:
Хуршед Каримзода, фармон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ