15:52 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3350 0 0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Хуҷандро рад кард

ДУШАНБЕ, 22 янв – Sputnik. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин як машқҳои таълимӣ-дастурӣ буданд, ки ҳамасола дар ҷузу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои сохтории он дар вилоятҳо баргузор мешаванд, аммо “афроди фурсатталаб” онро ба аҳдофи “муғризона” дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоб додаанд.

Машқи гирдиҳамоӣ дар Хуҷанд. Генерал Навҷувонов иштирокдоронро қадрдонӣ мекунад
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон
Машқи гирдиҳамоӣ дар Хуҷанд. Генерал Навҷувонов иштирокдоронро қадрдонӣ мекунад

“Ин машқҳои таълимӣ 21-уми январ дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳҳои зудамали дастгоҳи марказии Раёсат, қисми ҳарбии 3501 Раёсати корҳои дохилии ВКД, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Хадамоти давлатии "Муҳофиза", Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, масъулини шӯъбаи тиббии Раёсат ва курсантони факултети №4 Академияи ВКД бо муваффақият баргузор шуданд”, - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Дар ҳамин ҳол, манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар Хуҷанд мегӯянд, дирӯз 21 январ дар кӯчаи марказии шаҳри Хуҷанд шоҳиди чунин амалиёт буданд.

Нигаронии Ализода аз масъулини Хуҷанд: омори дурӯғ пешниҳод кардаанд

Яке аз онҳо гуфт, дар майдон воқеан як гурӯҳи муътариз дида мешуд ва кормандони милиса, ки либосҳои мухталифи низомӣ ба бар доштанд, барои маҳор кардани эътироз сафарбар шуда буданд.

“Аксари мардум ин манзараро дида, дарк карданд, ки воқеан, машқи тактикӣ аст ва вокуниши хосе ба он надоштанд. Тамошо мекарданду пайи кори худ мешуданд”, - гуфт ӯ.

Аммо ба тахмини ҳамсӯҳбатони мо, воҳимаи ин машқҳо пас аз он ба вуҷуд омадааст, ки дар телевизиони вилоятӣ ин машқҳои тактикии ҷилавгирӣ аз бетартибиҳои оммавиро гузориш шуданд.

Сухангӯи ВКД – и Тоҷикистон мегӯяд, новобаста аз бозтоби муғризонаи машқҳои таълими дастурӣ аз сӯи “душманони амнияту субот дар Тоҷикистон” ин машқҳо баргузор хоҳанд шуд, чун онҳо дар нақшаи кории вазорат ҳастанд.

Мавзӯъҳои асосӣ