06:19 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
144 0 0

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон ва Ҳодии Сулаймонпур, дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) дидор карданд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон ва дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) дидору гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон ва Ҳодии Сулаймонпур, дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) дар ин дидор, ки дар маҳалли дабирхонаи ин созмон дар Теҳрон анҷом шуд, масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистон бо ЭКО - ро дар соли 2021 мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Низомиддин Зоҳидӣ: маснавихонӣ ва ҳофизхонӣ дар Тоҷикистон ривоҷ дорад

Роҳандозии иқдоми муштарак ба муносибати эъломи шаҳри Душанбе ба унвони пойтахти гардишгарии минтақаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) аз дигар мавзӯҳое буд, ки дар ин мулоқот дар бораи он гуфтугӯ шуд.

10 кишвари Эрон, Тоҷикистон, Туркия, Покистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ҳастанд.

Барчаспҳо:
сафири Тоҷикистон, дидор, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ