17:03 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1390 0 0

Арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) тайи ду-се рӯзи охир боз боло рафта ба 7 сомонӣ расидааст

ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Дар пайи сард шудани ҳарорати ҳаво қиммати бензин ва сӯзишвории дизелӣ, аз умдатарин маводи сӯзишвории нақлиёт дар Тоҷикистон боло рафтааст.

Бино ба мушоҳидаҳо ҳоло нархи бензин ва дизел дар нуқтаҳои фуруш ба 6,7 ва 7 сомонӣ дакка зада, навъи аълои он аз 7 сомонӣ ҳам боло шудааст.

Чанде пештар нархи ин намуди сузишворӣ ба 6,6 сомонӣ расида буд. Ронандаҳо ва сокинон аз болоравии нарх шикоят мекунанд ва мегӯянд ин раванд ба  буҷаи оилавии онҳо зарбаи сахт мезанад.

Ёдрас мешавем, ки чанд рӯз пештар дар Тоҷикистон болоравии нархи ҳама намуди маводи сӯзишвории воситаи нақлиёт мушоҳида шуда буд. Он замон нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон якбора то 10 дарсад боло рафта буд.

Баъзе аз масъулони ширкатҳои таъминоти сӯзишвории нақлиёт (АЗС) он замон болоравии арзиши маводи сӯхтро  ба коҳишёбии ҳаҷми воридоти он шарҳ дода буданд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад. Бино ба иттилоъи мақомоти гумрук, соли гузашта беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, 180 ҳазор тон бензин ва бештар аз 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Ширкатҳои "Фароз", "Газпром", "Газойл", "Ориё", "Роҳи Сомон нафт", "Се ганҷ" ва "Суғднефт" аз ҷумлаи воридкунандаҳои маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Барчаспҳо:
болоравӣ, бензин, сӯзишворӣ, нарх, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ