18:06 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1472 0 0

Раиси шаҳри Исфара ба аёдати хонаводае, ки дар он духтараки ятиме ба сар мебарад рафт, ба ӯ ҳадяҳо дод ва ҳамзамон гуфт, ки метавонад аз мушкилиҳояш шахсан ба ӯ занг занад ва хабар диҳад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Шаҳрдори Исфара ба духтараки ятиме рақамҳои телефонашро дод, то дар ҳолати пешомади мушкилоте мустақиман ба худи ӯ муроҷиат намояд. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Исфара хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар раванди сафари кории хеш ба ҷамоати деҳоти Лаккон аз аҳволи духтараки ятиммонда Тоҷибоева Гулсанам пурсон шуд ва ба дидорбиниву аёдати ӯ рафт.

Гулсанам Тоҷибоева хонандаи синфи 8-уми муассисаи таълимии №54 буда, барвақт аз меҳру муҳаббати падару модараш маҳрум мондааст ва айни замон тарбияти ӯро модаркалонаш ба зимма дорад.

"Баҳоваддин Баҳодурзода зимни суҳбати самимонае, ки бо Гулсанам дошт, аз ҳолу шароити зист, раванди таҳсил ва мушкилоту эҳтиёҷмандиаш пурсид, бо шароити зисту зиндагонии ӯ шахсан шинос шудаву дастовезҳои бо худ овардаашро ҳадя кард. Омодагии роҳбарияти шаҳрро ҷиҳати мусоидат барои ҳалли саривақтии ҳамагуна мушкилоту эҳтиёҷмандиаш баён намуд", - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, дар интиҳои аёдату суҳбати самимона ба Гулсанам рақами телефони мобилии худ ва ҳам роҳбари дастгоҳи раиси шаҳрро дод, то дар ҳолати пеш омадани мушкилу муаммое бевосита ба худи ӯ муроҷиат намояд.

Мавзӯъҳои асосӣ