19:14 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4097 0 0

Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳисоботи Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишварро дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар соли 2020, шунид

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ аз Прокурори генералӣ талаб намуд, ки  шомилшавии шаҳрвандони кишварро ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ пешгирӣ намоянду таъмини амнияти иттилоотии кишварро пурзӯр созанд.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ барои пешгирию коҳиши ҷиноёти авбошӣ, бахусус аз ҷониби наврасону ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард, ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартараф намудани ҳолатҳои сохтакорӣ ва изофанависии ҳисоботҳои оморӣ дар соҳаи кишоварзӣ дастур дод.

Ҷилавгирӣ аз савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, аз байн бурдани шиканҷа, муносибатҳои бераҳмона ва дигар кирдорҳои таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон дар рафти таҳқиқу тафтиши пешакӣ, тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатию тафтишотӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз бандҳои дигаре буданд, ки раиси Маҷлиси миллӣ ба онҳо таъкид кардааст.

Ӯ инчунин хостори таъмини риояи қонунгузорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, бахусус ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, раванди муҳоҷират ва ҳифзи сиҳатии мардум, баррасии пурра ва ҳамаҷонибаи муроҷиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ шудааст.

Дар баробари ин Рустами Эмомалӣ таъкид намудааст, барои пешгирии содиршавии ҷинояту муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, ки боиси расонидани зарарҳои ҷисмонӣ ва фавти сарбозон мегарданд, тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Барчаспҳо:
авбошӣ, Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ

Мавзӯъҳои асосӣ