07:17 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1873 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ироаи паёми соланааш ба мардуми Тоҷикистон барои дастгирии иқдомҳояш изҳори сипос кард

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президент омори вориди гӯшти мурғро аз хориҷ дар ду соли пеш ба миён гузошта, гуфт, ки танҳо ду сол пеш аз хориҷ ба Тоҷикистон 60 ҳазор тонна гӯшт ворид мешуд.

"Аз ин ҳисоб, 50 миллиард доллар маблағи кишвар ба хориҷ мерафт", - таъкид кард президент.

Ноиби вазир гуфт, истеҳсоли гӯшт, шир, ғалла, картошка зиёд шуд: чӣ қадар?

Вай афзуд, ки дар натиҷаи имтиёзҳои додаи ҳукумати ҷумҳурӣ, соҳаи чорводорӣ ва парвандапарварӣ сол ба сол рушд мекунад.

"Дар натиҷа истеҳсоли ватании гӯшти мурғ то 30 ҳазор тонна расонида шуд ва агар рушди соҳа ба ҳамин минвол давом ёбад, баъди ду сол ниёз ба воридоти гӯшти мурғ намемонад", - таъкид кард вай.

Президент дар ҳамин ҷо махсус қайд кард, ки маҳз қонуни танзим имкон дод, ки чорвопарварӣ низ рушд кунад.

"Раҳмат ба падару модари мардуми Тоҷикистон, ки қонуни танзимро риоя карданд ва моро дастгирӣ карданд ва ба ин роҳ саршумори чорво ду маротиба афзоиш ёфт, ки дар натиҷаи истеҳсоли гӯшту маҳсулоти ширӣ зиёд шуд", - таъкид кард раисҷумҳур.

Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо паёми солона ба мардуми ҷумҳурӣ муроҷиат карда, муҳимтарин масъалаҳоро ба миён гузошт.

Барчаспҳо:
паём, Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ