Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон кард

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар гуфт, сар аз оғози соли равон коронавирус дар кишвар нест шудааст

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури кишвар ин нуктаро зимни паёми солонааш ба парлумон гуфт: "Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз оғози моҳи январ дар кишварамон бемории сироятии КОВИД – 19 аз байн рафтааст".

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон аз пандемияву буҳрон гуфт: ҷаҳон чунинро тайи сад сол ёд надошт

Раисиҷумҳур гуфт, лекин ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.

Ӯ ҳолати дигар кишварҳоро мисол оварда изҳор дошт, ки ба ин масъала аҳолӣ бояд ҷиддӣ диққат диҳад.

Президент нобудсозии коронавирусро самараи фаъолияти табибони кишвар дониста, ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафарро наҷот доданд, аз онҳо изҳори ташаккур карду гуфт, "онҳо буданд, ки ҳазоронро аз марг эмин доштанд".

Таъсиис ниҳоди нав дар Тоҷикистон бо дастури Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон  таъкид кард, ки бо қарори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба коронавирус масҷидҳо боз шуданд ва намозгузоронро низ зарур аст, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд, вагарна дар он ҷое, ки риоя намешавад, баста хоҳад шуд.

Ҳоло дар соҳаи тандурустии кишвар қариб 110 ҳазор нафар кормандон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 75 ҳазор нафарашон табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ буда, беш аз 68 фоизро занон ташкил медиҳанд, гуфт, президент.

Лентаи хабарҳо
0