11:19 08 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4641 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки давоми се рӯзи оянда дар кишвар ҳавои номусоид хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Ин ниҳод бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар гуфтааст, ки  то 29 январи соли равон ҳавои сард дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ боқӣ мемонад.

Ба иттилои манбаъ, дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ  ва қисмати ғарии ВМКБ ҳаво шабона -16-21 дараҷа, дар шарқи ВМКБ - 36-41 дараҷа, дар Бурункул - 51-53 дараҷа сард мешавад.

Бо сабаби идомаи ҳавои сард, дар аксари минтақаҳои кишвар яхбандӣ боқӣ мондааст, мегӯяд манбаъ.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо мақсади пешгирии садамаҳо ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки ҳангоми гаштугузор сару либоси мавсимӣ ба бар дошта бошанд, то худро аз бемориҳои сармохӯрдагӣ ҳифозат карда тавонанд.

Ба ронандагон тавсия медиҳад, ки суръати ҳаракати мошинҳоро боло набаранд, аз ҳар гуна сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.  

Таркиши чойхона дар хиёбони Рӯдакӣ: 12 нафар ба бемористон интиқол ёфт

КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад қоидаҳои бехатрии сӯхторро ҷиддан риоя карда, дастгоҳҳои барқиро беназорат нагузоред, ва ҳама асбобҳои гармидиҳиро дар ҳолати хуб нигоҳ доранд, то боиси ҳодисаи ногуфоре нагардад.

Барчаспҳо:
роҳҳо, ҳушдор аз яхбандӣ, сардӣ, ҳушдор, КҲФ Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ