01:06 03 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.60
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
465 0 0

Баъди бештар аз се ҳафтаи табобат дар Бемористони сироятии Суғд, воқеъ дар Хуҷанд охирин гирифтори “вируси корона” пурра шифо ёфта ба хона рухсат шудааст

ДУШАНБЕ, 27 янв – Sputnik. Нафаре, ки ахиран аз ин маризӣ дар шароити дармонгоҳ табобат мегирифт, сокини 60-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфта мешуд.

Рустамҷон Бӯрибоев, сартабиби Бемористони сироятии Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин нафар панҷ рӯз қабл баъди пурра шифо ёфтан ба хонааш рухсат дода шуд.

“Тамом шуд. Ҳама рухсат шуданд. Ҳоло ҳеҷ кас намонд, ҳама шифо ёфта ба хонаҳояшон рухсат шуданд”, гуфт сартабиб.

Бӯрибоев таъкид намуд, ки наздик ба як моҳ аст, ки муроҷиати сокинон бо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале барои баргардонидан Бемористони сироятӣ ба реҷаи муқаррарӣ ҳанӯз вақт аст.

Рустам Эмомали и Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Бемористони сироятии Суғд дар умум аз панҷ шуъба ва бахшҳои ёрирасон иборат буда, дорои 270 рахт (койка) и табобатӣ мебошад.

Сартабиб гуфт, ин бемористон макони захиравӣ барои табобатии сирояти эҳтимолии “вируси корона” дар маркази вилояти Суғд то чанд моҳи дигар нигоҳ дошта хоҳад шуд.

“Хушбахтона як моҳ аст, ки муроҷиат аз ин гуна беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Агар ин раванд то ду моҳи дигар ҳамингуна хуб давом кунад, он гоҳ масъалаи баровардан аз қарантина матраҳ хоҳад шуд”, зикр кард Бӯрибоев.

Бемористони сироятии Суғд ва ҳам Бемористони клиникавии Суғд воқеъ дар Хуҷанд ҳарду аз дармонгоҳҳои асосӣ дар шимоли Тоҷикистон дониста мешаванд, дар замони хуруҷи пандемияи COVID-19 мақомот барои бистарикунонии гирифторони ин маризӣ роҳандозӣ намуда буданд.

Бемористони клиникавии ба номи С. Қутфиддинов баъди 7 моҳи давраи қарантинӣ сар аз рӯзи 20 декабри соли 2020 ба далели ба таври қобили мулоҳиза кам шудани шумори гирифторӣ ба "вируси карона" пурра ба реҷаи муқаррарӣ гузашт.

Бар пояи иттилоъи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ аз 10 январ то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашудааст.

Сомонаи covid.tj и Вазорати тандурустӣ иттилоъ медиҳад, ки расман бори охир дар Тоҷикистон рӯзи 10 январ се ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, дигар наздик ба як моҳ инҷониб сироятшавӣ дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба омори Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ то ин сана дар умум 13 ҳазору 308 нафар гирифтори коронавирус шудаанд, ки 13 ҳазору 218 нафар аз ин шумор шифо ёфта, танҳо 0,7 дарсад бар асари ин маризӣ ҷон додаанд.

Теъдоди умумии фавтидагон бар асари коронавирус 90 нафар арзёбӣ мешавад.

Барчаспҳо:
табобат, бемор, Хуҷанд, вируси корона

Мавзӯъҳои асосӣ