21:38 28 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
98 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе шабона  5-7 дараҷа хунук ва  рӯзона   12+14 дараҷа гарм  мешавад

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Ба иттилои Ожонсии ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи  бебориш пешгӯӣ мешавад.

Дар ноҳияҳои ғарбии вилоят туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  26-31 ва рӯзона  12-17 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-14 дараҷа хунук  ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  5-7 дараҷа хунук ва  рӯзона   12+14 дараҷа гарм  мешавад.

Барчаспҳо:
пешгӯӣ, сардӣ, Тоҷикистон, ҳаво

Мавзӯъҳои асосӣ