04:27 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
210 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар супориш дод, то дар ҳафт соли оянда сатҳи камбизоатӣ то 10 дарсад коҳиш дода шавад, аммо дар маросими савгандёдкунӣ раисҷумҳур аз коҳиши 15 дарсадии сатҳи камбизоатӣ дар ҳафт соли оянда таъкид дошта буд

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон, ҳукумати кишварро вазифадор кард, ки иҷрои сифатноки нақшаҳои ҳафтсоларо, ки дар суханрониаш дар маросими савгандёдкунӣ баён карда буд, таъмин намоянд.

Раисҷумҳур таъкид дошт, ки ҳукумат барои ду баробар афзоиш додани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 10 дарсад коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ин давра тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар созад.

Ёдрас мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон зимни савгандёдкунӣ дар соли гузашта гуфта буд, ки дар ҳафт соли оянда Тоҷикистон бояд афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро то ду баробар ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолиро ба 45 фоиз расонида, сатҳи камбизоатиро то 15 фоиз коҳиш диҳад.

Завқизода: сатҳи камбизоатӣ дар 20-сол аз 83 дарсад то ба 26 дарсад коҳиш ёфт

Вай афзуд, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани санадҳои стратегӣ сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020, яъне 12 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафт.

Барчаспҳо:
коҳиш, Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳур, сатҳи камбизоатӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ