Пирӯзии “Тоҷик Эйр” бар “Скайроуд Лизинг” дар додгоҳи ИМА барои 20 миллион доллар

© Фото : Пресс-служба ОАО "Таджик Эйр"ОАО "Таджик Эйр", архивное фото
ОАО Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи Амрико дархости ширкати литвонии “Скайроуд Лизинг”, ки тули чанд сол аст бо ширкати милли ҳавопаймоии Тоҷикистон “Тоҷик Эйр” баҳси додгоҳӣ дорад, ахиран рад кардааст

ДУШАНБЕ, 29 январ - Sputnik. Тибқи иттилои пойгоҳи “РАПСИ” додгоҳи федералии Ҳавзаи Колумбия дархости ширкати ҳавопаймоии миллии "Тоҷик Эйр" -ро қонеъ карда, баррасии аризаро дар бораи эътироф ва иҷрои ҳукми ҳакамӣ нисбати он ба маблағи беш аз 20 миллион доллар рад кард.

Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шикояти “Тоҷик Эйр” аз камбуди мусофир ва коҳиши парвозҳо дар масири Бадахшон

Ёдовар мешавем, қаблан ширкати литвонии ширкати “Скайроуд Лизинг” аз болои “Тоҷик Эйр” барои пардохт накардани 20 миллион доллар қарзаш шикоят карда, хостори баррасии парванда шуда буд. 

Ин чорумин суд буд ки дар он парвандаи ду ширкат баррасӣ мешавад. Қаблан баҳси ширкати "Тоҷик Эйр" бо "Скайроуд Лизинг" дар Додгоҳи арбитражӣ ё ҳакамии Вилнюс баъдан дар Душанбею Маскав баррасӣ шуда буд ва ахиран ин баҳс ба Амрико низ  расид.

“Скайроуд Лизинг” дар додгоҳи ИМА шарҳ додааст, ки қарори Суди ҳакамии тиҷоратии Вилнюс то ҳол иҷро нашудааст.

Ширкати "Тоҷик Эйр" дар навбати худ исрор меварзид, ки аризаи “Скайроуд Лизинг” бояд бо далелҳои мурофиавӣ бидуни баррасӣ гузошта шавад.
Тибқи иттилои ширкати ҳавопаймоӣ, “Скайроуд Лизинг” тартиби огоҳии судӣ тибқи талаботи Қонуни дахлнопазирии соҳибихтиёрии хориҷиро риоя накардааст.
Ғайр аз он, ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" оид ба радди ариза дар бораи эътирофи ҳукми ҳакамӣ бо ишора ба банди панҷуми Конститутсияи ИМА исрор варзид.

Тибқи маводи парванда, сабаби баҳс, қарзи пардохти ҳармоҳаи 149 ҳазор доллар барои иҷораи ду ҳавопаймои Боинг аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва баҳраву ҷаримаҳо мебошад, ки дар умум 20 миллион доллар шудаанд.

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” бо ширкати “Скайроуд Лизинг” аз соли 2009 ҳамкориро ба роҳ монда, ду ҳавопаймои "Боинг"-ро тариқи лизинг ба иҷора гирифта буд.

Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомот Тоҷикистон як қисми қарзҳои ширкати “Тоҷик Эйр”-ро мебахшад

Аммо соли 2017 “Скайроуд Лизинг” ширкати “Тоҷик Эйр” - ро ба напардохтани  20 миллион доллар қарз ва баҳраву ҷаримаҳо муттаҳам карда, ба додгоҳ кашид, вале ширкати тоҷикӣ ин даъворо беасос хонд.
Додгоҳи арбитражӣ шаҳри Вилнюс 25-уми апрели соли 2018 қарор кард, ки “Тоҷик Эйр” ин маблағро пардохт кунад.

Дар пайи ин шикояти ширкати тоҷикӣ бошад ба додгоҳи Литва рад карда шуд ва додгоҳҳои Тоҷикистон низ қарори Додгоҳи Вилнюсро эътироф накарданд.

Масъулини ширкати “Тоҷик Эйр” он замон сабаби бохташонро дар ин марҳалаи додгоҳӣ ба ҳуқуқшиноси ширкат Зафар Ҳафизов рабт дода буданд, ки бо 180 ҳазор сомонӣ пули ширкат фирор кардаву дар додгоҳ ширкат накардааст.

Парвандаи мазкур бо дархости ширкати литвонӣ ахиран дар додгоҳи Маскав баррасӣ мешуд ва ҳатто дар Русия як ҳавопаймои ширкатро ба ҳабс гирифта буданд.

Мушкилоти ширкати "Тоҷик Эйр" замоне ташдид шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2018 дастури бозрасии амалкарди молии ширкатро содир кард.

Пул нест: "Тоҷик Эйр" 200 кормандашро мураххас кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар дастур дода буд мавзӯи харидории як ҳавопаймои Боинг-767 гаронтар аз нархи воқеии онро аз сӯи ин ширкат ва санадсозӣ дар ин мавридро бозрасӣ кунад.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Ҳукумат: соҳиби "саҳмияи тиллоӣ" дар "Роғун”, Талко, "Тоҷик Эйр" маълум шуд

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон, рушан шудани моҷарои 3 моҳ пардохт нашудани ҳуқуқи кормандони ин ширкат, таъхир дар пардохти ҳақи истифода аз фурудгоҳи Душанбе ва қарзи молии он ба ширкати воҳиди сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳоро хостор шуда буд. Ширкати "Тоҷик Эйр" ба ҳамин далел таи соли 2019 тамоми парвозҳои худро қатъ кард.

Ахиран муовини аввали мудири ширкати "Тоҷик Эйр" Азизмамад Қурбонов гуфт, ки соли 2019 шумораи кормандони ширкат 525 нафарро ташкил медод ва дар соли 2020 он ба 272 нафар поин омад.

Қурбонов қайд кард, ки ширкат то имрӯз 11,1 миллион сомонӣ маоши кормандони худро пардохт накардааст.

"Тоҷик Эйр" рухсат кардани кормандонашро шарҳ дод

Ҳоло дар Тоҷикистон ду ширкати ватанӣ "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" фаъол буда, дар баробари инҳо 15 ширкати хориҷӣ низ ба мусофиркашонӣ машғул аст.

Лентаи хабарҳо
0