Раҳмон имзо кард: хизмати пулакӣ расмӣ шуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана в учебном центре Погранвойск ГКНБ в Хороге
Президент Таджикистана в учебном центре Погранвойск ГКНБ в Хороге - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зери чанд қонуни нав, ки аз ҷониби парлумони кишвар тасвиб гардидааст, имзо гузошт

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зери қонуни нави ҳарбӣ, ки онро парлумон тасдиқ кард, имзо гузошт.

Открытие новой казармы в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Қонуни нави хизмати ҳарбӣ: маблағу тартибро Ҳукумат муайян мекунад

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо, аз ҷумла  қонунҳо “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” имзо гузош.

Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тартиби ба қайди ҳарбӣ гирифтан, даъват ба хизмати ҳарбӣ, адои хизмат ва самтҳои дигари хизмати ҳарбиро муайян менамояд.

Дар Қонун, инчунин хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.

Киҳо аз хизмат озод шуданд ва чаро мӯҳлати хизмат кам нашуд - шарҳи Шералӣ Мирзо

Иловаҳои воридгардида ба қонунҳои мақомоти судӣ, прокуратура, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Хадамоти иҷро қабули шаҳрвандонро ба кор дар мақомоти номбурда пас аз адои хизмати ҳарбӣ пешбинӣ менамоянд.

Қонунҳои баимзорасида ба рушди бозори меҳнат, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот нашр мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0