21:33 05 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1334 0 0

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Раъно Хоҷеваи 34-сола , сокини шаҳри Душанберо ба се соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 31 янв – Sputnik. Бо қарори суд, вай ҷазои худро дар колонияи низоми умумӣ иҷро хоҳад кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии суд.

Хоҷева, ки модари се фарзанд аст, бо моддаи 131, қисми 2 (ҳабси ғайриқонунӣ) -и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуд.

Ба иттилои додгоҳ, Хоҷаева Раъно санаи 26 сентябри соли 2020, тахминан соати 10:00 дақиқа бо мақсади ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ, кӯдаки 2-соларо ғайриқонунӣ дар манзили истиқоматии худ дар дохили ҷевон нигоҳ доштааст.

Барои ба мақсади худ ноил шудан Хоҷаева Раъно ба падари хурдсол нома навишта таҳдид намудааст, ки давоми як соат завҷаашро аз хона пеш кунад.  Вай ба мард таҳдид кардааст, ки дар сурати иҷро накардан фарзандашро дигар намебинад, гуфтааст, манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, додгоҳ ҳолатҳои одамрабоӣ ё гаравгонгириро дар амали ӯро пешбинӣ накардааст.

Ҳамзамон хадамоти матбуотии додгоҳ шарҳ надодааст, ки чӣ чиз Раъно Хоҷаеваро барои ин амал водор кардааст.

Занашро зад: боздошти шавҳар барои латукӯби ҳамсар дар ноҳияи Ҳамадонӣ

Худи Хоҷаева Раъно бошад дар додгоҳ ба ҷурми содиркардааш пурра иқрор шудааст.

Додгоҳ бошад, бо дарназардошти худиқрорӣ ва даъво надоштани ҷониби ҷабрдида ҳукм содир кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ