11:33 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1007 0 0

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, хизматрасонии пасти ҳам интернетиву ҳам тамосии ширкатҳои мобилии Тоҷикистонро мушоҳида накардаанд

ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Ин нуктаро Илҳом Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ин ниҳод дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон, ки ба шикоятҳои мардум дар бораи хизматрасониҳои пасти шикарҳои мобилии кишвар чӣ назар дорад, садо дод.

Номбурда дар бораи ҳам хизматрасонии интернетӣ ва ҳам гуфтугӯӣ гуфт, шояд бошад, аммо мо мушоҳида накардем.

Ӯ гуфт ҳатто аз ҷониби шӯъбаҳои назорати ин самти Хадамоти алоқа чунин камбудиҳо ошкор нашудааст.

Номбурда аз як радабандии байналмилалӣ мисол оварда гуфт, хизматрасониҳои итернетӣ ва ҳам гуфтугӯӣ нисбат ба солҳои қаблӣ хуб шудааст ва миёни давлатҳои минтақа ҷойи созгорро касб намудааст.

Ёдовар мешавем, қаблан дар пайи боло бурдани нархи хизматрасониҳои мобилӣ, мақомот ваъда дода буданд, ки сатҳи хизматрасонӣ беҳтар хоҳад шуд.

Аммо шикояти ҳамарӯзаи сокинон дар расонаҳои иҷтимоӣ оид ба хизматрасониҳои ширкатҳо, махсусан аз сатҳи пасти суръат акси ҳолро нишон медиҳад.

Мавзӯъҳои асосӣ