09:16 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (971)
117030

Дар Тоҷикистон пас аз танаффуси тӯлонӣ дари масҷидҳо боз ба рӯи намозгузорон боз шуд. Вале риояи тамоми чораҳои беҳдоштиву санитарӣ, шарти асосии фаъол мондани ибодатгоҳҳо гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Дари масҷидҳо, ки аз моҳи апрели соли гузашта бинобар авҷ гирифтани маризии коронавирус баста шуд, акнун сар аз имрӯз, 1 - уми феврал дубора аз сар гирифта мешавад.

Қарори дубора фаъол шудани масоҷидҳоро Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз маризии коронавирус қабул намуд.

Ситоди мазкур бо эълон намудани санаи бозкушоии дари масҷидҳо ҳушдор дод, ки дар сурати риоя нагардидани шартҳои пешниҳоднамуда, эҳтимол дорад ибодатгоҳҳо боз баста шаванд.

Яке аз шартҳои асосии фаъол мондани масҷидҳо, ин пӯшидани ҳатмии ниқоби тиббӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ мебошад. Ҳамчунин, риоя кардани чораҳои беҳдоштию санитарӣ низ ҷиддан талаб карда мешавад.

Расман: рӯзи бозкушоии масҷидҳо дар Тоҷикистон эълон шуд

Ёдовар мешавем, Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз "вируси корона" ё COVID-19 – и Тоҷикистон бори аввал 4 марти соли равон дастури қатъи намозгузориҳо дар масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва ҷамоатхонаҳои Тоҷикистонро содир намуда, 20 март дубора дастури боз кардани онҳоро дода буд.

Аммо як моҳ расо нашуда, 18 апрел Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" эълон кард, ки дигарбора дари масҷидҳо баста хоҳанд шуд.

Шарҳи расмии Кумитаи дин дар бораи хабари кушода шудани масҷидҳо

Дар замони пандемияи “вируси корона” тамоми масоҷид дар олами ислом, ҳатто Масҷиди Ҳарому Масҷиди Набавӣ ва Масҷиди ақсо ҳам баста шуданд.

Ҳамакнун, бо гузашти беш аз 9 моҳ намозгузорон имкон пайдо карданд, ки дастаҷамъона ба масҷидҳо рафта, ибодаташонро ба ҷо оранд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (971)
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, намоз, масҷид

Мавзӯъҳои асосӣ