05:10 27 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2237 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон донишҷӯе, ки декани факултаро корд задаву фирор кард боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, донишҷӯ зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудааст.

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, донишҷӯӣ соли 2-юми Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд. 

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда 28-уми январи соли 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар вақти дар ошёнаи 2-юми яке аз биноҳои таълимии Донишгоҳи мазкур, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев қарор доштанаш, декани факултети менеҷменти байналмилалӣ, марди 43-солаи сокини пойтахтро барои ӯро аз Донишгоҳ хориҷ намуданаш бо корд 1 маротиба ба шикамаш задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст, афзудааст, манбаъ.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, донишҷӯ Музаффар Имомназаров, декани факултаи менеҷменти байналмилалӣ ва маркетингро бо кор зада маҷрӯҳ кардааст.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, дар вазнинхона Музаффар Имомназаровро як бор чор ва бори дуввум 5 соат ҷарроҳӣ кардаанд.

Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон дар корпуси 5 –и шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббии “Шифобахш”, дар миёни мардум маъруф ба Шифохонаи Қарияи Боло, фақат гуфтанд, ки вазъи Музаффар Имомназаров ҳоло муътадил буда, дар ҳоли шифоёбист.

“Дигар хатаре ба ҳаёти ӯ вуҷуд надорад. Ҳоло вазъи ӯ хеле хуб шудааст”, - гуфтанд дар ин шуъба.

Музаффар Имомназаров, дотсент, номзади улуми иқтисодӣ буда, аз 1 феврали соли 2019 декани факултаи менеҷменти байнулмилалӣ ва маркетинг мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ