00:52 03 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.60
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
440 0 0

Муфтии Тоҷикистон мегӯяд, экстремизм ва терроризм, ки баъзе гурӯҳу созмонҳо аз номи ислом амалӣ мекунанд ва бо парчами ислом шиорпартоӣ мекунанд, дар асл харобкунандаву вайронсозандаи ақлу хирад ва ҷисми инсон аст

ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, муфтӣ Сайидмукаррам Абдулкодирзода бо ҳайати шахсии КҲФ дидору мулоқот кард.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар ин мулоқот масъалаҳои шарҳи Қонунҳои Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон" ва муқобила то терроризим ва экстремизми динӣ, ҳамчунин ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ситезаҷӯ аз назари ислом, баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, ки муфтии Тоҷикистон зимни суханронии худ қайд кард, ки экстремизм ва терроризм, ки баъзе гурӯҳу созмонҳо аз номи ислом амалӣ мекунанд ва бо парчами ислом шиорпартоӣ мекунанд, дар асл харобкунандаву вайронсозандаи ақлу хирад ва ҷисми инсон аст.

Абдулқодирзода аз ҳамагон даъват намуд, ки ҳамеша дар мубориза зидди он омода бошанд.

"Идеологҳои экстремизм ва терроризм ғояҳои таҳаммулнопазириро ба вуҷуд меоранд, ба хориҷ кардани намояндагони динҳои дигар аз сарзаминҳое, ки дар он ҷо мусалмонон зиндагӣ мекунанд, даъват мекунанд ва бо мақомот мубориза эълон мекунанд, ки ин метавонад ба мушкилот оварда расонад", - гуфт ӯ.

Муфтӣ афзуд, ки мубориза бо ин зуҳуроти номатлубу нописанд ва харобкор бидуни роҳандозии корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ ва таблиғи ҳамзистии осоиштаву ҳамсоядорӣ, таҳаммулгароии динӣ, муоколама бо ҷомеа номумкин аст.

"Маҳз барои ҳамин ҳар кадоми мо, новобаста ба он кӣ чӣ масъулияте дорем, бояд ҳиссаи шоистаи худро дар ин мубориза гузорем ва терроризм ва экстремизм бояд дар ҷомеаи мо ҷойи по надошта бошанд", - зикр намуд Сайидмукаррам Абдуқодирзода.

Ҳамзамон муфтии Тоҷикистон дар бораи стратегияи Шӯрои уламои кишвар дар мавриди ин мубориза ва ҳифзи арзишҳои аслии ислом нақл намуд.

Барчаспҳо:
терроризм, КҲФ Тоҷикистон, Тоҷикистон, Саидмукаррам Абдулқодирзода

Мавзӯъҳои асосӣ