Вазорати адлия гуфт, соли гузашта чанд сокини Тоҷикистон бо хориҷиён хонадор шуд

© UnsplashСвадебная пара, архивное фото
Свадебная пара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Обуна шудан
Вазорати адлияи Тоҷикистон теъдоди ақди никоҳи шаҳрвандони кишваро бо хориҷиён эълон кард
ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Вазорати адлия зимни нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, соли гузашта 192 ҳолати акди никоҳи шаҳвандони кишвар бо хориҷиён сабт шудааст.
Ссора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2020
Талоқу никоҳ кам шуд: масъулини кумитаи омор рақамҳои ҷадид интишор карданд
Тибқи иттилои манбаъ, аз теъдоди умумӣ, 34-то дар Суғд, дар Хатлон 10-то, Бадахшон 11-то, шаҳри Душанбе 47-то ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 100-торо ташкил мекунад
Ба иттилои манбаъ, нисбатти бекор кардани акди никоҳи шаҳрвандони хориҷӣ бошад, дар ҷумҳури 11 то ба қайд гирифта шудааст, ки 10 тои он дар вилояти Суғд ва 1 ҳолат дар вилояти Хатлон мебошад.
Самадзода Ифтихор, муовини раёсати САҲШ-и Вазорати адлия мегӯяд, аз теъдои умумӣ никоҳ бо хориҷиён 96-тои он танҳо шаҳрвандони қирғизистон аст, ки 86 тоаш ба ноҳияи Лахши Тоҷикистон рост меояд.
Ӯ гуфт, дар зинаҳои баъдӣ, Русия ва Ӯзбекистон шомиланд ва дигар давлатҳо шумориянд, як ё ду нафар.
Тибқи иттилои вазорат соли гузашта, 67 ҳазору 104 ҳолати никоҳ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2019 11 ҳазору 966 ҳолат кам аст.
Лентаи хабарҳо
0