12:40 27 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
71110

Вазорати адлияи Тоҷикистон ба суоли вазъ дар муассисаҳои ислоҳӣ дар давраи пандемияро шарҳ дод: ба гуфтаи Ашӯриён зиндонҳо дар ин давра тамоми чораҷӯиҳои беҳдоштиро риоя мекарданд

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки дар зидонҳои кишвар чанд нафар ба коронавирус гирифтор шуданд, изҳори бехабарӣ кард, танҳо гуфт, "дар ин бора дар дастам маълумоте нест".

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вазир дар соли сипаригашта аз илтиҳоби шуш 11 нафар гузаштанд.

Вазири адлия афзуд, муассисаҳои ислоҳӣ тамоми қоидаҳои беҳдоштии тавсиядодаи Вазорати тандурустиро вобаста ба пешгирии коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ риоя мекард.

Вазорат гуфт 41 693 шаҳрванди Тоҷикистон соли гузашта фавтиданд: аз кадом маризиҳо?

"Маҳлулҳои зиддиуфунӣ истифода мешуданд, дидорбинӣ бо маҳбусон маҳз бо ҳамин сабаб манъ гардид. Шумо медонед, ки нигоҳдории зиндониён ҳоло ба дараҷаи стандартҳои баланд расонида нашудааст, лекин ба ин нигоҳ накарда, мо ва Сарраёсати иҷрои ҷазо кӯшиш кардем, ки сироятшавӣ камтар бошад, дар оянда низ ин чораҳоро мо амалӣ мекунем", - таъкид кард Ашӯриён.

Ба гуфтаи вазир, маҳбусон аз ташхиси сартосарии коронавирус гузаронида нашуданд, вале дар ҳолатҳои пайдо шудани шубҳа ташхис мегирифтанд.

Барчаспҳо:
зиндон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ