10:21 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
33310

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ эълон кардааст, ки масъалаи роҳи фиристодани паёмакҳо бар зидди як фаъоли мухолифинро таҳқиқ доранд

ДУШАНБЕ, 1 феврал - Sputnik. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе, таъкид доштааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ин масъаларо таҳқиқ доранд.

Ӯ зимни нишасти матбуотӣ ин гуна паёмакҳоро "спам" номид ва ёдрас шуд, ки дар гузашта низ чунин ҳолатҳо низ ба қайд гирфта шуда буд.

"Ин дар кишвар бори аввал нест. Агар дар ёдатон бошад, бо ду-се паёмак мутаассифона тамоми мардуми Тоҷикистонро ба берун бароварданд, ки заминларзаи пуршиддат мешавад. Бори дувум оид ба дорупошӣ қабл аз пандемия буд. Дар ҷараёни кор ба Шумо иттилоъ медиҳем",-афзуд ӯ.

Ёдарс мешавем, ки тақрибан моҳи декабри соли гузашта барои садҳо нафар муштариёни бархе аз ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон паёмаки бадномкунанда дар бораи фаъоли мухолифин Муҳаммадиқболи Садриддин ирсол шуда буд.

Ирсоли пайванди наворе аз як саҳифаи Ютуб ба садҳо муштарии ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон, ки дар он Муҳаммадиқболи Садриддин танқид мешуд, вокунишҳои гуногунро ба бор овард.

Бархе аз муштариён онро роҳи нави бадномкунӣ бо истифода аз паёмрасонҳои мобилӣ номиданд, ки бори аввал дар Тоҷикистон таҷриба мешавад.

Барчаспҳо:
мухолифин, паёмак, нишаст, алоқа, Тоҷикистон, занги телефонӣ

Мавзӯъҳои асосӣ