08:44 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
66801

Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе исм ва акси донишҷӯе, ки декани факултаро бо корд зад, расонаӣ кард

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, гумонбаршаванда Давлатов Айниддин Нуриддиновичи 21сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, ки донишҷӯи бахши дуюми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад, аз ҷониби кормандони милитсия пойтахт бо ҷурми суиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, зимни чорабиниҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки номбурда санаи 28-уми январи соли равон, декани Факултети менеҷменти байналмилалии донишгоҳи номбурда Имомназаров Музафар Аҳмадҷонович соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Душанберо дар назди утоқи кориаш воқеъ дар донишгоҳи мазкур бо корд 1 маротиба ба шикамаш задааст.

Дар натиҷа, омӯзгор ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст, афзудааст манбаъ.
Ин ниҳод гуфтааст, раванди санҷиш ва тафтиши раванди таҳсилоти гумонбаршаванда Давлятов Айниддин дар донишгоҳи мазкур муайян намуд, номбурда ба таври доимӣ ба дарсҳо ҳозир нагардида, дар баробари ин нисбати устодон беэҳтиромӣ зоҳир намуда, аз имтиҳонҳо низ қарздор будааст.

Декани факултети мазкур ба хотири фаҳмидани мушкилоти донишҷӯ падари гумонбаршуда шаҳрванд Давлятов Нуриддинро ба донишгоҳ даъват намуда, аз раванди таҳсилот, одобу ахлоқ ва мушкилоти фарзандаш ӯро огоҳ намудааст.

Манбаъ мегӯяд, дастгиршуда Давлятов Айниддин аз он ки падараш аз нахондану қарздории ӯ аз имтиҳонҳо тавассути декани факултет огоҳ шуда, ӯро сарзаниш кардааст нақшаи аз ҳаёт маҳрум сохтани деканро тарҳрезӣ намудааст.

"Бо ин мақсад, санаи 28-уми январи соли ҷорӣ бо корд мусаллаҳ гашта, декани факултети худро дар назди утоқи кориаш бо корд захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад",-гуфтааст, манбаъ.

Гуфта мешавад,  ҳоло нисбати дастгиршуда Давлятов Айниддин тибқи талаботи моддаи 32-қисми 3 – 104 қисми 1 (суиқасд ба одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба ӯ ҳабс ба муҳлати аз 8 то 15 сол таҳдид мекунад.

Мавзӯъҳои асосӣ